Як зани узбакистониро, ки ҳамсояро кушта, ҷасадашро сӯзонда буд, ба 22 сол маҳкум карданд

© Sputnik / Табылды КадырбековЗан рӯяшро пинҳон медорад, акс аз бойгонӣ
Зан рӯяшро пинҳон медорад, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар вилояти Суғд, як зан, ки шаҳванди Узбакистон буда, муваққатан дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иқомат мекардааст, ба 22 соли зиндон маҳкум шуд

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Ба нақл аз "Парс тудэй", дар Суғд як шаҳрванди Узбакистон, ки муваққатан дар Тоҷикистон истиқомат карда, даст ба ҷиноят задааст ба 22 соли зиндон маҳкум шудааст.

Гулмира Аҳмадова, шаҳрванди Узбакистон, ки дар қаламрави ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон иқомати муваққат дошт, дар таърихи 14 июли соли 2018 барои рабудани тило ва ҷавоҳироти ҳамсояи худ Эргашой Холбоева, вайро ба қатл расонида сипас бо кумаки фарзандаш ҷасади мақтулро пас аз сӯзондан, мадфун кардааст.

Саги хонаводаи Эргашой Холбоева рози ин ҷинояти ҳавлнокро ифшо кард. Ин саг пас аз 7 рӯз тикае аз устухони ӯро аз зери хок пайдо кард ва мақомоти тафтишотӣ низ бо истифода аз ин сарнах муваффақ ба шиносоии қотил шуданд.

Зимнан қотил тило ва ҷавоҳироти мақтулро ба маблағи 1850 сомонӣ, муодили 196 доллар фурӯхтааст.

Мақомоти додгоҳӣ гуфтаанд, иллати аслии иқдом ба ҷинояти шаҳрванди Узбакистон дар қаламрави Тоҷикистон қарздории ӯ ба бонк будааст.

Лентаи хабарҳо
0