20:14 20 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Здание Правительства РТ. Архивное фото

Норозигии муовини сарвазир аз сабтиномкунии созишномаю шартномаҳои коллективӣ

© Sputnik Stringer
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
85601

Муовини сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ аз масъулин даъват намуд, ки барои баимзорасонӣ, сабтиномкунии созишномаю шартномаҳои коллективӣ ва иҷрои муқаррароти онҳо фаъолияташонро тақвият бахшанд

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Ахиран дар бинои Ҳукумати Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ таҳти роҳбарии Азим Иброҳим, муовини Сарвазири Тоҷикистон, раиси комиссияи мазкур баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ҷаласаи мазкур муовини Сарвазир таъкид намудааст, ки дар соли 2018 байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва иттифоқҳои касабаи маҳаллӣ 21 созишномаи минтақавӣ, байни вазорату идораҳо ва иттифоқҳои касабаи соҳавӣ 37 созишномаҳои соҳавӣ баста шуда, мавриди амал қарор доранд.

Азим Иброҳим қайд намудааст, ки ин нишондиҳандаҳо ба талаботи имрӯза ҷавобгуй намебошанд.

Вай аз рафти татбиқи Созишнома изҳори нигаронӣ намуд ва аз вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шарикони иҷтимоӣ даъват кард, ки барои баимзорасонӣ, сабтиномкунии созишномаю шартномаҳои коллективӣ ва иҷрои муқаррароти онҳо фаъолияташонро тақвият бахшанд.

“Инчунин барои танзими муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ, ҷалби ҳарчи бештари теъдоди аҳолии қобили меҳнат ба  корҳои арзанда  ва бо ин васила зиёд  намудани даромади кормандон, коҳиш додани сатҳи бекорӣ, баланд бардоштани  дараҷаи накӯаҳволии аҳолӣ ба вазорату идораҳо дастуру супоришҳо мушаххас ва ба шарикони иҷтимоӣ тавсияҳо дода шуд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Муовини сарвазир таъкид намудааст, ки масъалаи пардохти саривақтӣ ва пешгирии афзоиши қарзии музди меҳнат дар ҷаласаи навбатии Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Тоҷикистон бо даъвати мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои қарздор мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

 

Барчаспҳо:
Азим Иброҳим, ҷаласа, душанбе, шартнома, норозигӣ, муовини сарвазир, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ