23:43 18 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.57
  • RUB0.15
Государственный флаг Японии, архивное фото

Таваҷҷуҳи хоси соҳибкорони Ҷопон ба Тоҷикистон

© Sputnik / Наталья Селиверстова
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
145 0 0

Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва раиси намояндагии Созмони тавсеаи тиҷорати хориҷии Ҷопон дар шаҳри Душанбе, ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Монобо Шимойоширо, раиси намояндагии Созмони тавсеаи тиҷорати хориҷии Ҷопон (Jitro) дар шаҳри Душанбе дидор ва гуфтугӯ карданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Палатаи савдои Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, тарафҳо зимни мулоқот ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷопон дар таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд.

Ҷумъахонзода Ҷамшед зимни мулоқоти мазкур аз талошҳои давлати Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити муносиб барои тавсеаи бахши хусусӣ дар кишвар хабар дод.

Вай афзуд, дар ин росто солҳои 2019-2021 дар Тоҷикистон аз сӯи раисиҷумҳури ин кишвар ба унвони солҳои тавсеаи деҳа, гардишгарӣ ва саноати дастӣ, номгузорӣ шуда ва стратегияи миллии тавсеаи кишвар то соли 2030 тасвиб шуда, ки шомили теъдоде аз авлавиятҳои тавсеа, дастуруламалҳои стратегӣ ва роҳҳои иртиқои судоварӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.

Дар навбати худ, раиси намояндагии Созмони тавсеаи тиҷорати хориҷии Ҷопон зимни мулоқоти мазкур ба афзоиш алоқамандии тоҷирони ҷопонӣ барои тавсеаи равобит бо тавлидкунандагони маводи ғизоӣ бо сифати олии тоҷикӣ ишора кард.

Вай гуфт, Тоҷикистон як бозори бисёр рақобатпазир буда бо кумаки Палатаи савдо ва саноати ин кишвар, мо метавонем хатте байни маҳофили тиҷории ду кишвар эҷод ва ҷараёнҳои тиҷорӣ ва сармоягузориро бо дарназар гирифтани суди мутақобил афзоиш диҳем.

Тарафайн ҳамчунин дар ин мулоқот дар заминаи мубодилаи иттилоот дар мавриди бахшҳои хусусии ду кишвар ва баррасии масоили ҳузури тоҷирони Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои Ҷопон ва ширкатҳои тиҷории Ҷопон дар намоишгоҳҳои Тоҷикистон ибрози алоқамандӣ карданд.

Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳадафи сафари намояндагони Созмони тавсеаи тиҷорати хориҷии Ҷопон мустақар дар Тошканд ба Душанберо, барқарории ҳамкорӣ миёни доираҳои тиҷории Тоҷикистон ва Ҷопон тариқи тавсеаи сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ дар ҳавзаҳои муҳимми тавсеаи иқтисоди ду кишвар унвон кард.

Барчаспҳо:
мулоқот, соҳибкорон, тиҷорат, Ҷопон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ