00:36 19 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.57
  • RUB0.15
Сергей Лазарев (Россия) , архивное фото

Манижа нашуд?: Сергей Лазарев Русияро дар "Евровидение-2019" муаррифӣ мекунад

© Sputnik / Владимир Астапкович
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
213 0 0

Дар соли 2019 Русияро дар "Евровидение" Сергей Лазарев муаррифӣ хоҳад кард, ки аллакай дар соли 2016 дар ин озмун таҷриба гирифта буд

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Озмуни байналмилалии "Евровидение-2019 моҳи май дар Тел-Авив, Исроил баргузор мешавад. Русияро дар ин омзун ҳунарманди номии кишвар Сергей Лазарев муаррифӣ мекунад. Ҳунарманд дар ин озмун аллакай дар соли 2016 иштирок дошт.

Овозаҳо дар бораи интихоби довталаб ба "Евровидение-2019" ҳанӯз моҳҳои январ пайдо шуда буданд.

Ба номгӯи довталабони эҳтимолӣ Олга Бузова, Александр Панаётов, Манижа Сангин, Филипп Крикоров ва Сергей Лазарев ворид мешуданд.

Узви ҳакамон қарор доданд, ки ба ин озмун Русия Сергей Лазеревро мефиристад.

Феълан, маълум нест, ки Лазарев дар "Евровидение" кадом сурудро иҷро хоҳад кард. Маълум аст, ки Филипп Крикоров барои ҳунарманд таронае эҷод кардааст.

Ёдрас мешавем, Лазарев дар "Евроввидение -2016" ҷойи севумро гирифта буд.

Мавзӯъҳои асосӣ