06:15 22 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Ниҳолшинонии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Данғара

Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ниҳолҳои русиягӣ шинонд

дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
488 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва оғози корҳои мавсими баҳорӣ дар саросари мамлакат оғоз бахшид

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Данғара ҳазор нафар иштирок карданд.

Манбаъ афзуд, бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар майдони 100 гектар бо шинонидани 4 навъи себ боғи нави интенсивӣ бунёд карда шуд ва худи раисиҷумҳур низ ниҳоли себ шинонд.

“Дар маъракаи имрӯза себҳои навъи “Фуджи атсек” - 28 ҳазору 500 ниҳол, “Модӣ” - 16 ҳазору 200, “Ҷералдинӣ” - 16 ҳазор ва Пингледӣ” - 3 ҳазор дар маҷмуъ 63 ҳазор ниҳол шинонида шуд. Аз рӯйи маълумоти мутахассисони соҳаи боғдорӣ аз навъи тагпайванди себи Модӣ - “ММ -106” ҳосилнокӣ аз 1 гектар 50 тоннаро ташкил медиҳад”, - омадааст дар иттилоияи дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Манбаъ илова намуд, ки ниҳоли дарахтони дар боғи нав шинонидашудаи себ асосан аз минтақаи Краснодари Русия ворид шудаанд.

Котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки дар маъракаи имрӯза низ аз техникаҳои махсус, ки кори боғдоронро дар кофтани чуқуриҳо ва шинонидани дарахтон осон менамояд, васеъ истифода гардид.

Манбаъ зикр кард, ки соли 2018 низ дар ноҳияи Данғара дар майдони 100 гектар боғи интенсивӣ бунёд карда шуда, соли гузашта аз ноҳия ба хориҷи кишвар 1000 тонна мева содир шуд.

Мавзӯъҳои асосӣ