06:41 14 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Рустам Эмомалӣ, акс аз бойгонӣ

Қарори Рустами Эмомалӣ барои тарбияи ватандӯстон дар Душанбе дар 4 соли оянда

© Сайт мэра города Душанбе
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
235 0 0

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе бо имзои як қарор Барномаи тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2019 – 2022 – ро тасдиқ кардааст

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Дар қарори шаҳрдорӣ таъкид шудааст, ки ҳадафи ин барнома фароҳам овардани имконоти муассир барои тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, фарҳангсолорӣ, худогоҳӣ, худшиносӣ, инсондӯстӣ, ифтихор ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ мебошад.

Шаҳрдорӣ як қатор чорабиниҳо барои солҳои 2019 – 2022-ро тасдиқ карда, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанберо ҳамоҳангсози татбиқи барномаи мазкур таъин намудааст.

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш муваззаф шудааст, ки дар бораи корҳои иҷрошуда ҳар сол то 10 декабр ба  шаҳрдории Душанбе гузориш пешниҳод кунад.

Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе вазифадор гардидаанд, ки маблағгузории  барномаи тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавононро таъмин намоянд.

Мавзӯъҳои асосӣ