15:57 16 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Флаги государств СНГ

Мулоқоти сарони идораҳои сарҳадии кишварҳои ҳамсуд дар Душанбе

© Sputnik / Алексей Панов
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
117 0 0

Фаъолсозии ҳамкориҳо барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бар зидди таҳдидҳо ва хатарҳои нав ба амнияти сарҳадӣ мавриди муҳокима баррасӣ хоҳанд гирифт

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Пагоҳ, 26 феврал дар шаҳри Душанбе вохӯрии чоруми минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии минтақаи Осиёи Марказии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мегардад, иттилоъ додааст ожонсии “Ховар”.

“Масъалаҳои фаъолсозии  ҳамкорӣ дар доираи Шӯрои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадӣ бо сохторҳои кории ташкилотҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бар зидди таҳдидҳо ва хатарҳои нав ба амнияти сарҳадӣ мавриди муҳокима қарор хоҳанд гирифт”, — гуфтааст сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев.

Зимни ҷаласаи дар пешистода масъалаҳои вазъияти баамаломада баррасӣ гардида, тадбирҳои иловагӣ оид ба муқовимат бар зидди хатарҳои амнияти сарҳадӣ, ки аз ҷониби Афғонистон бармеоянд, андешида мешаванд.

Дар баробари ин гузаронидани Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Муқовимати таъсирбахш бар зидди падидаҳои терроризми байналмилалӣ, экстремизм, қочоқи силоҳ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва савдои одамон чун хатари асосии амнияти сарҳадӣ дар марзи берунаи кишварҳои аъзои ИДМ” дар назар аст.

Чиҳати иштирок дар конфронс намояндагони идораҳои сарҳадии муассисаҳои таълимии кишварҳои аъзои ИДМ дар соҳаи сарҳад, инчунин мақомоти салоҳиятдори Иттиҳод ва ташкилотҳои байналмилалӣ даъват гардидаанд.

 

Барчаспҳо:
низомӣ, роҳбарон, ИДМ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ