16:23 18 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Вход в стриптиз бар, архивное фото

Иҷора на барои иқомат, балки барои табдили фоҳишахона

© Sputnik / Артур Александров
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
324 0 0

Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби боз як фоҳишахона 200 сомонаро ошкор намуданд

ДУШАНБЕ, 26 фев— Sputnik. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини кӯчаи Осимии пойтахт ҳамчун гумонбар дар ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохила.

Манбаъ тавзеҳ додааст, ки ҷавон 21-уми феврали соли 2019, хонаи ба иҷора гирифтааш, воқеъ дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанберо ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба шаҳрвандон: ҷавони 19-сола ва зани 30-солаи сокинони пойтахт шароит муҳайё намуда, аз онҳо 200-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Ин қазия мавриди тафтиш қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки кормандони мақомоти дахлдор пештар сокини 29-солаи пойтахтро бо гумони ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона дастгир намуда буданд.  

Гумонбар, 4-уми феврали соли 2019, хонаи ба иҷорагирифтааш, воқеъ дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанберо ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба шаҳрвандон: марди 24-сола ва зани 30-солаи сокинони шаҳри зикргадида шароит муҳайё намуда, аз онҳо 200-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

 

 

Барчаспҳо:
иҷора, фоҳишахона, пойтахт, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ