Тавлиди асал дар Тоҷикистон зиёд шуд

© Sputnik / Константин Чалабов / Гузариш ба медиабонкПроизводство меда, архивное фото
Производство меда, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз афзоиши тавлиди асал дар кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Соли 2018 дар Тоҷикистон 4,1 ҳазор тонна асал тавлид шуд, гузориш дод ТоҷикТА аз қавли Вазорати кишоварзӣ.

Бино ба иттилои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, соли 2018 ҳаҷми тавлиди асал дар муқоиса бо соли 2017 80,3 тонна афзоиш ёфт.

Асали тавлиди Тоҷикистон аз навъи олисифат арзёбӣ мешавад. Тоҷикистон ба Русия, Қазоқистон, АМА ва Афғонистон асал содир мекунад.

Лентаи хабарҳо
0