22:44 24 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Председатель ГКНБ РТ Саймумин Ятимов, архивное фото

Дар Душанбе вазъияти имрӯза дар марзи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуд

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
196 0 0

Роҳбарони идораҳои сарҳадӣ дар ҷаласаи Душанбе доир ба тамоюлҳои тағйирёбии вазъи фаврӣ дар марз бо Афғонистон дар робита ба фарорасии фасли баҳору тобистон табодули афкор намуданд

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии чоруми минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии минтақаи Осиёи Марказии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид.

Дар кори он роҳбарони идораҳои сарҳадии Тоҷикистон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Россия, Шӯрои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадӣ (ШФҚС), сафирони давлатҳои хориҷии мустақар дар шаҳри Душанбе ва намояндагони созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ иштирок намуданд. 

Зимни вохӯрӣ иштирокдорони ҷаласа масоили фаъолсозии  ҳамкориро дар доираи Шӯрои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадӣ бо сохторҳои кории ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бар зидди таҳдидҳо ва хатарҳои нав ба амнияти сарҳадӣ мавриди муҳокима қарор доданд.

Бо арзёбии вазъи  бамиёномада дар сарҳадҳои берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони идораҳои сарҳадӣ зикр карданд, ки бо вуҷуди ҷараёни мусбати рушди ҳамгироии мутақобилаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ба мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир нигаронида шудааст, вазъ дар марз бо Афғонистон мураккаб боқӣ монда, нисбат ба ҳалли он муносибати ҷиддӣ талаб мекунад.

  • Шерхон Салимзода
    Шерхон Салимзода
    © Sputnik / Амир Исаев
  • Международная научно-практическая конференция эффективное противостояние появлениям международного терроризма, экстремизма
    Международная научно-практическая конференция "эффективное противостояние появлениям международного терроризма, экстремизма"
    © Sputnik / Амир Исаев
  • Посол России в Таджикистане Игорь Лякин-Фролов
    Посол России в Таджикистане Игорь Лякин-Фролов
    © Sputnik / Амир Исаев
1 / 3
© Sputnik / Амир Исаев
Шерхон Салимзода

Инчунин зимни ҷаласа қайд карда шуд,  ки вазъи баамаломада муттаҳид сохтани талошҳои идораҳои сарҳадиро дар самти пешгирии роҳҳои қочоқи маводи мухаддир, мубориза бар зидди гурӯҳҳои ҷинояткори муташаккили террористӣ ва фаромиллӣ, гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва экстремистӣ, ки дар ҳудудҳои ҳамсарҳад амал мекунанд, тақозо мекунад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ вазъи баамаломада баррасӣ гардида, тадбирҳои иловагӣ барои мубориза бар зидди хатарҳои амнияти сарҳадӣ дар сарҳадҳои берунаи кишварҳои аъзои ҳамсуд андешида шуд.

Дар охири ҷаласа иштирокдорон Протоколро ба имзо расид, ки тавсияҳои он дар ҷаласаи навбатии Шӯрои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадӣ баррасӣ карда хоҳад шуд.

Барчаспҳо:
Душанбе, ҷаласа, Афғонистон, марз, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ