06:13 22 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Младенец на руках у матери

Ҳашт соли зиндон ба модаре, ки ба бадани тифлаш 10 сӯзан халонд

CC0 / Pixabay/fancycrave
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
166 0 0

Занро дар расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба бадани фарзанди худ муҷрим шинохтанд. То ҳукми қонунӣ гирифтани қарори додгоҳ модар бо тифлаш мемонад

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон зани 27-солаеро барои расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба кӯдаки худ, ба 8 соли зиндон маҳкум карданд. Дар ин бора хабаргузории ТоҷикТА иттилоъ медиҳад.

Муҳайё Ёқубова - модари Мудассири хурдсол, ки табибон аз баданаш 10 сӯзан ёфтанд, то ҳукми қонунӣ гирифтани қарори додгоҳ дар озодӣ мемонад. Ӯ ҳақ дорад, ки ба зинаҳои болои додгоҳ аз ин қарор шикоят кунад.

Зан дар сӯҳбат бо расонаҳои Тоҷикистон гуфтааст, ки таҳти фишори мақомот иттиҳоми сӯзанхалиро ба бадани фарзанди худаш ба гардан гирифт.

Пештар хабар дода шуд, ки дар Тоҷикистон дар бадани як тифли 9-моҳа 10 сӯзан пайдо карданд. Аввал наздикони кӯдак мегуфтанд, ки намедонанд, омили ворид шудани ҷисмҳои бегона ба кӯдак дар чист.

Дератар ВУД эълом кард, ки сӯзанҳоро модари тифл ҷой додааст.

Ба пизишкон даст додааст, ки аз бадани Мудассир 6 сӯзанро берун кунанд.

Мавзӯъҳои асосӣ