16:56 20 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Суманак, архивное фото

Аз бузкашӣ то консерт: мақомоти Суғд барномаҳои Наврӯзиро эълон кард

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
195 0 0

Тантанаҳои асосии наврӯзии вилояти Суғд иборат аз намоиши дастовардҳо ва барномаи калони театрии фарҳангӣ бо иштироки меҳмонони олимақом аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ имсол дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik.   Бо қарори Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, моҳи марти соли равон дар қаламрави вилоят Иди байналмилалии Наврӯз дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад.

Манбаъ таъкид намудааст, ки нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тасдиқ шудааст.

Дар ҳамин ҳол аз 12 то 26 март дар шаҳру навоҳии вилоят баргузории  конфронсҳои илмӣ, озмуну фестивалҳо, маҳфилҳои адабӣ, аз ҷумла, озмуни “Дастархонороӣ”, барномаҳои наврӯзӣ иборат аз шеъру дубайтихонӣ дар васфи баҳору Наврӯз, мадҳияи “бойчечакхонӣ”, бозию ҳунарҳои миллӣ,  аз қабили “Кокулбофӣ”, “Ҳаппакбозӣ”, “Ошиқбозӣ”, “Лаппар”, “Нақшхонӣ”,  оростани дастархони наврӯзӣ бо ҳафтсину ҳафтшин ва  тайёр намудани таоми анъанавии суманак дар назар аст.

Инчунин, дар ин муддат мусобиқаҳои варзишии суннатӣ, чун пойга ва бузкашӣ, барномаҳои рангини консертӣ ва ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ  низ  баргузор карда мешаванд.

Ҳамзамон дар рӯзҳои таҷлили тантанаҳои асосии иди Наврӯз дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд беш аз 100 иншооти дорои аҳамияти иҷтимоиву иқтисодӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Барчаспҳо:
барнома, тантанаҳои ҷашнӣ, Суғд, Наврӯз, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ