Аз фарҳанг то мубориза бар зидди терроризм дар мулоқоти Аҳмадзода бо сафири Қирғизистон

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской областиМулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода ва Жениш Рустамбеков, сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода ва Жениш Рустамбеков, сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон ба таҳкими робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангӣ аҳамияти хос медиҳанд

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзод, раиси вилояти Суғд ва сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон Жениш Рустамбеков мулоқот анҷом доданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Бино бар иттилои манбаъ, зимни мулоқот тарафҳо аз муносибатҳои дӯстонаву бародаронаи ду кишвари ҳамсоя – Тоҷикистону Қирғизистон ёдовар шуда, доир ба таҳкими робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангӣ мубодилаи афкор намуданд.

Министр культуры Таджикистана Шамсиддин Орумбекзода и Посол Кыргызстана в РТ Джаниш Рустенбеков  - Sputnik Тоҷикистон
Пешниҳоди сафири Қирғизистон ба вазири фарҳанги Тоҷикистон

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намудааст, ки гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Қирғизистон сол ба сол дар ҳоли рушд аст.​ “Вилояти Суғд бо вилояти Боткенти Қирғизистон ҳамсарҳад буда, робитаи миёни вилоятҳо бо риояи анъанаву суннатҳои неки ҳамсоядорӣ мустаҳкам гардидааст”,  - гуфт Аҳмадзода.

Дар навбати худ Жениш Рустамбеков ба истифода қарор гирифтани чархи аввали Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”-ро ба як дастоварди муҳим арзёбӣ карда, гуфт сохтмони ин иншооти муҳим на танҳо барои Тоҷикистон балки барои тамоми минтақа манфиатбахш хоҳад буд.

Инчунин манбаъ зикр намудааст, ки зимни мулоқот тарафҳо ҳамзамон масъалаҳои гуногунро баррасӣ намуда, барои тақвияти ҳамкориҳои фарҳангӣ ва муборизаи якҷоя ба муқобили терроризму экстремизм омодагии худро баён намуданд.

Лентаи хабарҳо
0