23:43 18 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.57
  • RUB0.15
Дорожная техника расчищает автомобильную дорогу от лавины, архивное фото

Роҳҳои мошингард таъмир мешаванд: ба Бадахшон 9 техникаи роҳсозӣ интиқол ёфт

© Sputnik / Денис Абрамов
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
138 0 0

Дар маросими қабули техникаҳои роҳсозӣ муовини Раиси вилоят Умедҷон Носирзода ва муовини сардори Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳнигаҳдории Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эганбердӣ Хуҷаев ширкат доштанд

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Бо мақсади  таъмиру тармими  роҳҳои мошингарди  ҳудуди Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон дар доираи  амалисозии  Cозишномаи  байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Бонки аврупоии  таҷдид  ва рушд  дар марҳилаи  дуввум   аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ВМКБ 9 адад техникаи  роҳсозӣ  интиқол дода шуд.

Дар ин бора АМИТ "Ховар" иттилоъ медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, техникаи роҳсозӣ тариқи  дидбонгоҳи  Қулма  ба  Тоҷикистон оварда шуд. Дар марҳилаи аввал аз Ҷумҳурии Мардумии Чин 23 техникаи пуриқтидори роҳнигоҳдорӣ ба қаламрави вилоят  ворид карда мешавад.

Дар маросими  қабули  техникаҳои роҳсозӣ  муовини Раиси вилоят  Умедҷон Носирзода ва муовини  сардори Раёсати  сохтмон ва хоҷагии  роҳнигаҳдории Вазорати нақлиёти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эганбердӣ  Хуҷаев  ширкат доштанд.

Зикр гардид, ки дар ҳолати кушода ва ба талабот ҷавобгӯ нигоҳ доштани роҳҳои дорои  аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ дар  тамоми фасли сол  муҳимтарин вазифаи роҳсозон ба ҳисоб меравад. Мавҷудияти  чунин техникаи пуриқтидор  имкон медиҳад, ки  роҳҳои байналмилалиливу ҷумҳуриявии  ВМКБ  дар ҳолати хуб нигоҳ дошта шаванд.

Мавриди зикр аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини паркҳои технологии муассисаҳои роҳнигаҳдории ВМКБ ва навоҳии минтақаи Рашт 81 адад техника ва механизми роҳсозӣ  бо харҷи беш аз 5 миллион доллар харидорӣ гардиданд.

Мавзӯъҳои асосӣ