20:12 20 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.15

Сафири Тоҷикистон дар Русия хостори тақвияти ҳамкориҳо бо Тотористон шуд

© Пресс-служба Посольства Таджикистана в России
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
156 0 0

Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия ба Тотористон рафт ва бо раисҷумҳури ин ин ҷумҳурӣ Рустам Минниханов дар бораи дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Тотористон мулоқот анҷом дод

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Ахиран сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо роҳбари Тотористон Рустам Минниханов дидор ва мулоқот кард.

Зимни мулоқот тарафҳо дар бораи ҳамкориҳои минтақаҳои Тоҷикистон бо Тотористон, инчунин дурнамои ҳамкориҳои мутақобил мулоқот карданд.

Сафири Тоҷикистон дар Русия Имимуддин Сатторов зимни мулоқот таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тотористон дорои иқтидори бузурги иқтисодӣ буда,  Тоҷикистон тасмим дорад ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиашро бо ин ҷумҳурӣ тақвият бахшад.

Инчунин, тарафҳо дигар масоили муҳими ҳамкориҳои дуҷониба аз ҷумла рушди соҳаи сайёҳӣ миёни Тоҷикистону Тотористон, роҳандозии барномаҳои фарҳангӣ, ташкили сафари ҳайати тиҷоратӣ ва ҷалби сармоя низ барррасӣ шуд.

Ҳарду тараф боварӣ ҳосил намуданд, ки сафари раисҷумҳури Тотористон ба Тоҷикистон ба рушди ҳамкориҳои мутақобил судманди ду кишвар саҳм мегузорад ва барои рушди минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамкориҳои ҳамаҷониба миёни Тотористону минтақаҳои Тоҷикистон такони нав ва ҷидди хоҳад бахшид.

Барчаспҳо:
тиҷорат, Қазон, сафири Тоҷикистон, ҳамкорӣ, Тотористон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ