11:10 19 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Куҳҳои Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Обуҳавошиносон: дар водиҳо борону дар куҳҳо барф меборад

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
102 0 0

Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда ва дар водиҳо боронро пешгӯӣ кард

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар ғарби вилоят боридани борон ва барф дар назар аст.

“Дар ин минтақа ҳаво шабона 3-8 дараҷа сард шуда, рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳавои абрнок шуда, барфи тар меборад. Ҳаво шабона аз 12-17 то 30- 35 ва рӯзона аз 2-7 дараҷа сард мешавад”, - хабар додааст “Ховар” аз қавли Ожонс.

Манбаъ афзуд, дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 7-12 дараҷа сард шуда, рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар доманакӯҳҳо борон ва барф борида, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0-5 дараҷа сард шуда, рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар водиҳо борон меборад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар кӯҳҳо шабона аз 5-10 то 15 дараҷа сард шуда, рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1-3 ва рӯзона 12-14 дараҷа гарм мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ