"Авто-Бону - 2019": дар Душанбе барои занони ронанда озмун баргузор мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевКонкурс «Авто-Бону-2015»
Конкурс «Авто-Бону-2015» - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон метавонанд ба суроғаи Раёсати БДА, кӯчаи Ҷ.Расулов-69 ва ё бо телефонҳои зерин муроҷиат намоянд

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни "Авто-Бону-2019" баргузор менамояд.

Озмуни мазкур  16 марти соли равон, соати 10:00 дар автодроми автоматонидашудаи ба номи А.Турсунов, воқеъ дар километри 7-уми кӯчаи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад.

Ба иттилои "Ховар, озмун аз рӯи 5 давр- "Варақаи боздид" — "Ман ва автомобилам" (ороиши автомобил), мусобиқаи "Донандагони ҚҲР", рондани автомобил дар автодром, "шарҳи қисмҳои автомобил" ва "намоиши ҳунарҳои мардумӣ" гузаронида мешавад.

Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон метавонанд ба суроғаи Раёсати БДА, кӯчаи Ҷ.Расулов-69 ва ё бо телефонҳои зерин муроҷиат намоянд: 93-508-70-72, 235-79-85

Лентаи хабарҳо
0