23:43 18 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.57
  • RUB0.15
Шаҳри Душанбе, акс аз бойгонӣ

Обуҳавошиносони тоҷик ҳавои рӯзи 5-уми баҳорро пешгӯӣ карданд

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
109 0 0

Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад

ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш, дар ғарби вилоят шабона 6-11 дараҷа сард ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона аз 18-23 то 25- 30 ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 5-10 дараҷа сард шуда, рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад, хабар додааст “Ховар” аз қавли Ожонси обуҳавошиносӣ.

Манбаъ афзуд, дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1-6 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар кӯҳҳо шабона 4-9 дараҷа сард шуда, рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2-4 ва рӯзона 15-17 дараҷа гарм мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ