19:04 18 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Яблоневый сад

Обуҳавошиносон: Тоҷикистонро ҳавои тағйирёбанда интизор аст

© Пресс-служба Президента Республики Таджикистан
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
199 0 0

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст

ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik.  Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳаво дар шаҳри Душанбе тағйирёбандаи бебориш хоҳад шуд.  Ҳаво шабона 1-3  ва рӯзона 14-16 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва  рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар  кӯҳҳо  шабона 3-8 дараҷа  сард шуда,  рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.

Дар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 8-13 дараҷа сард  шуда, рӯзона  2-7 дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона  аз 20-25 то 30- 35 ва рӯзона 2-7  дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд   ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад.     Шамол аз самти шарқ ба самти ғарб  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 3-8 ва  рӯзона 9-14 дараҷа гарм  мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 5-10 дараҷа сард шуда,  рӯзона 3-8  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрнок шуда, дар охири рӯз боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9  ва рӯзона 15-20  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва  рӯзона 10-15 дараҷа гарм  мешавад.

Барчаспҳо:
бебориш, тағйирёбанда, Ожонси обуҳавошиносӣ, обу ҳаво, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ