Вакили халқӣ ба иттиҳоми қаллобӣ боздошт шуд

© Sputnik / Владимир Песня / Гузариш ба медиабонкСледственный изолятор, архивное фото
Следственный изолятор, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вакил Давлатбек Шодиев, ки раиси ҷамоати деҳот низ будааст, ба боварии як шаҳрванд даромада, барои ҷудо кардани 0, 03 га. замин 72 ҳазор сомонӣ гирифтааст

ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ, ки ҳамчунин раиси Ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳия будааст, ба иттиҳоми қаллобӣ боздошт гардидааст. Дар ин бора Ожонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, Шодиев бо маслиҳати пешакӣ бо муовини раиси ҳамин ҷамоат Мардонов Ҷума Абдумаҷидович, заминсоз Норов Фаридун Сидиқбекович, коргузор Баҳриев Аҳлиддин Муҳабатшоевич ва собиқ ваколатдори калони оперативии кофтукови ҷиноии шӯъбачаи милитсияи деҳоти "Навобод"-и Шӯъбаи №1 ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ, капитани милитсия Файзов Азиз Арабович ин ҷиноятро анҷом додааст.

Руки задержаного в наручниках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
ВУД: аз қаллобӣ то дуздии ҷавоҳироти тиллоӣ аз ҷайб

Ӯ ва ҳаммаслаконаш ба боварии шаҳрванд Маҳмудов Диловар Мирзоҷонович даромада, аз номбурда барои аз ҳудуди деҳаи Арбобхотуни ҳамин Ҷамоат ҷудо карда додани масоҳати 0,03 га. қитъаи замини наздиҳавлигӣ, дар якчанд ҳолат маблағи 72000 сомонӣ гирифта тасарруф намуданд.

Нисбати Шодиев Д.О., Мардонов Ҷ.А., Баҳриев А.М. ва Файзов А.А. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии парвандаи он идома доштааст.

Лентаи хабарҳо
0