Бо роҳи фиреб гирифтани автомашинаи “БМВ Х-3” ва пул бар ивази хона

© PixabayАрест, архивное фото
Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо роҳи фиреб гирифтани автомашинаи “БМВ Х-3” ва бар ивази хона дар пойтахт руёнидани 405 000-рубл, 40 000-сомонӣ ва 19 800-доллар ошкор шуд

ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон як қатор ҷиноятҳои қалобӣ ошкор шудаанд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии ВКД.

 Манбаъ афзудааст, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини ноҳияи Данғара, ки пеш бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.

Руки задержаного в наручниках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
ВУД: аз қаллобӣ то дуздии ҷавоҳироти тиллоӣ аз ҷайб

Номбурда, моҳи феврали соли 2015 бо роҳи фиреб ба боварии марди 41-солаи сокини ноҳияи Балҷувон даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи “БМВ Х-3”-ро ба маблағи 22 000 доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Нисбати номбурда бо моддаи 247 қисми 4 банди “б”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Фиреб намудани харидори манзили истиқоматӣ

Оид ба ҳодисаи қаллобӣ ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 65-солаи сокини кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт муроҷиат намудааст, ки моҳи октябри соли 2017, марди 36-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷойи кораш ҶДММ “Сапеда-12”, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, барои харидорӣ намудани манзили истиқоматӣ, воқеъ дар кӯчаи А.Дониш аз ӯ 405 000-рубли Федератсияи Россия, 40 000-сомонӣ ва 19 800-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

 

Лентаи хабарҳо
0