22:28 19 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.58
  • RUB0.15
Социальная сеть Фейсбук, архивное фото

Ман мухолифам: хашми корбарони Фейсбук аз болоравии арзиши интернет дар Тоҷикистон

© Sputnik / Наталья Селиверстова
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
720 0 0

Хабари гарон шудани арзиши интернети мобилӣ дар Тоҷикистон дар шабакаи Фейсбук мавҷи интиқодҳоро ба бор овард. Дар натиҷа, бештари корбарон бо хештеги "Я_ против" , (Ман мухолифам) зидди ин иқдом буданашонро ифода кардаанд

ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар назар аст, ки дар охирҳои моҳи март арзиши интернети мобилӣ то 1,5 баробар гарон шавад. Дар ин бора фармоишоти Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон "Дар бораи алоқаи барқӣ" ҳанӯз 4 март ба имзо расидааст.

Истифодабарандагони сигменти тоҷикии Фейсбук баробари ба имзо расидани фармоишоти хадамот, аз ин иқдоми масъулин изҳори нигаронӣ намуда, норозигии худро баён кардаанд. Дар натиҷа хештеги "Я _ против" (Ман мухолифам) пайдо шуд.

Дар фармоишоти хадамот ишора мешуд, ки мақсад аз боло бурадни нарх беҳтар кардани суръати интенет мебошад.

"Бо назардошти сифати интенет, ман зидди болоравии арзиши он мебошам. Ҳоло суръати интенрнет хело суст аст, дар ҳоле, ки арзон нест", - навиштааст яке аз корбарон.

"Ман ҳам мухолифи боло рафтани арзиши интернетам", - ҷонибдорӣ кардааст аз сухани ин корбар нафари дигаре.

Комментарии в соц сети Facebook
© Facebook
Пользователи Facebook против повышение цен на интернет в Таджикистане

Бештари корбарон гарон шудани арзиши интернетро "ғорати мардум" номиданд.

"Магар масхара мекунанд? Ҳамагӣ 1200 сомонӣ маош мегириву аз ин 400 сомониашро ба барқ медиҳӣ, 100 сомонаишро ба хизматрасонии коммуналӣ, 200 сомониашро ба мактабу боғча, 100 сомониаш роҳикиро, 200 сомониашро ба кӯдакон сарф мекунӣ, боқимонда бо 100 сомонӣ чӣ кореро метавон анҷом дод? Имзои ҳуҷҷат ба шумо осон , азобро мардум мекашад!", - интиқод мекунад ҷавоне.

"Боз ғорати мардум", - навиштааст зани дигар.

Бархеҳо навиштаанд, ки аз истифодаи интернети мобилӣ тамоман даст мекашанд.

"Интернет - падидаи иҷтимоӣ аст, ояндаи мост. Одамонро аз дастрасӣ ба иттилоот, дониш ва муошират маҳрум накунед. Хело умед мекунам, ки интернет гарон намешавад", - навиштааст мард.

"Оқибати корҳои ин кишвар чӣ мешавад?  Магар ҳоло асри 21, асри рушди технология нест?", - нигарон шудааст зан.

Комментарии в соц сети Facebook
© Facebook
Пользователи Facebook против повышение цен на интернет в Таджикистане

Аммо пайдо шудаанд нафароне, ки аз гарон шудани арзиши интернет ҷонибдорӣ кардаанд, ба шарте, ки суръаташ низ ба арзишаш мутобиқ шавад.

"Ман гароншавии арзиши интернетро ҷонибдорӣ мекунам. Аммо бо як шарт, агар як дақиқа ҳам суръати суст шавад, ҳама пулҳои додаи маро бармегардонанд. Бояд чунин шартномаеро бо ширкатҳои мобилӣ баст", - мегӯяд марди дигар.

Ёдрас мешавем, мувофиқи фармоишоти баимзорасида, операторҳои мобилӣ арзиши 1 мегабайт интернетро бояд на камтар аз 5 дирам муайян кунанд.

Ҳамин тавр, 1 гигабайт интернет, бе ҳисоби арзиши иловашуда, ҳудудан 50 сомониро ташкил хоҳад дод.

Мавзӯъҳои асосӣ