Муфтии Маскав ҷавононро ба хайрхоҳӣ даъват кард

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкГлавный имам Московской соборной мечети Ильдар Аляутдинов, архивное фото
Главный имам Московской соборной мечети Ильдар Аляутдинов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шахсияти рӯҳонӣ вакилони парлумони ҷавонро барои иштирок дар ташкили мактабҳои забономӯзӣ барои кӯдакони муҳоҷир даъват кард

ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik.  Илдар Аляутдинов, раиси идораи мусалмонҳои шаҳри Маскав, пойтахти Русия зимни мулоқот бо намояндагони ассосиатсияи вакилони ҷавони парлумон аз ҷавонон даъват кард, ба барномаҳои хайрия ҳамроҳ шаванд, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости.

“Мо ҳоло аз Лубнон баргаштем, ки ба муҳоҷирони сурия кумак расондем. Аз вакилони ҷавон хоҳиш менамоям, ки ба ин барнома ҳамроҳ шаванд”, - гуфт вай.

Ситора Шохдавлат, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ситора Шоҳдавлат дар Русия бунёди хайрия ташкил кард

Ходими динни таъкид намуд, ки идораи мусалмони Русия дар ҳамкории зич бо ташкилотҳои ҷавонони кишвар метавонад ба муҳоҷирон дар кишварҳои гуногуни дунё кумаки бештар расонад. Пеш аз ҳама мо метавонем барои таҳсилоти кӯдакон дар урдугоҳҳои муҳоҷирон кумак кунем.

Аз ҷумла вай вакилони ҷавонро баро ташкили мактабҳои забономӯзӣ барои кӯдакони муҳоҷир ба тақвияти мубодилаи фарҳангӣ мусоидат мекунад, даъват намуд.

Ёдрас мешавем, ки пештар ҳайати мусалмонони Русия таҳти роҳбарии Илдар Аляутдинов аз панҷ урдугоҳи муҳоҷирони Сурия дар Лубнон диданд карданд.

Вай инчунин таъкид кард, ки бунёди “Закот” дар назди идораи мусалмонҳои Русия ба таври фаъол барои муҳоҷирони Сурия хайрия ҷамъоварӣ  мекунад ва ҳар довталаб метавонад ба ин барнома ҳамроҳ шавад.

Лентаи хабарҳо
0