Табрикоти Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар

© Пресс-служба президента Таджикистана Президент Таджикистана поздравил женщин с Днем матери
Президент Таджикистана поздравил женщин с Днем матери - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон занони кишварро ба муносибати фаро расидани ҷашни Рӯзи Модар табрику таҳният гуфт

ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik.  Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 7-уми март занону бонувони тоҷикро ба муносибати 8-уми март - Рӯзи Модар давлатӣ табрик гуфт.

Дар паёми раисҷумҳур зикр мегардад, дар нахустин рӯзҳои фасли зебои баҳор, яъне айёми нуру сафо ва гармиву бедории табиат - ҷашни фархундаи Рӯзи модар фаро мерасад.

Эмомалӣ Раҳмон, ҳамаи модарон ва бонувонро ба муносибат Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо саломатӣ, хушбахтӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу намудааст.

Вай таъкид намудааст, ки модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад, ба ӯ ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғӯши гарму пурмеҳри худ мепарварад, аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба тифлаш ёд медиҳад, фарзанди хешро бо ҳазор нияту орзуҳои нек ба воя мерасонад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди бунёди "Муҷассамаи модар"-ро кард

“Модар шахсест, ки шабу рӯз ба хотири роҳату осоиши тифлаш заҳмат мекашад ва намегузорад, ки фарзанди ӯ ранҷу озоре бинад. Вай ҳамеша дар талош аст, ки фарзандаш солиму бардам ба камол расад, соҳиби одобу маърифат, илму дониш ва касбу ҳунар гардад ва дар оянда ба ҷомеа хизмати шоиста намояд”, - таъкид намудааст Эмомалӣ Раҳмон.

Раисҷумҳур гуфт, модарону занон ва бонувони кишвар бо рафтори нек, андешаи солим ва маҳорату кордонии худ дар ободиву пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон саҳми бузург доранд.

“Онҳо имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат софдилона кору фаъолият менамоянд ва бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созандаашон барои рушди давлати соҳибистиқлоламон саъю талош мекунанд”, - афзуд Эмомалӣ Раҳмон.

Раисҷумҳури кишвар қайд намуд, ки моҳи март бо ҷашни шумо оғоз гардида, бо яке аз ҷашнҳои бостонии мо - Наврӯз, яъне соли нави аҷдодиамон идома меёбад.

Вай ба занонт тавсия додааст, ки хурсандӣ кунанд, либосҳои зебои миллии чакан ва атласу адрасро ба бар карда, онҳоро таблиғ ва оммавӣ гардонанд, ба тозагиву ободии хонаву кошона бештар машғул шаванд ва ҳунари кадбонуҳои миллати қадимаву фарҳангии тоҷикро боз ҳам густариш диҳанд.

Просмотр на экране как маленький мальчик поет на одном из рынков в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Модар куҷоӣ?!: сурудхонии кӯдаки хурдсол дили корбарони интернетро реш кард

Инчунин, Эмомалӣ Раҳмон хотирасон шудааст, ки  нигоҳубину парастории модару падар дар пиронсолӣ низ қарзи фарзандӣ ва вазифаи ҷавонмардии фарзандон мебошад. Зеро савоби парастории волидайн ва баракати дуои онҳо дар дини мубини ислом бо ҳаҷҷи акбар баробар дониста шудааст.

“Бо ибрози беҳтарин ниятҳои нек ҳамаи шумо, модарону бонувони арҷманд ва хоҳарону фарзандони азизро бори дигар ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи модар табрик мегӯям ва ба ҳар яки шумо тани сиҳат, иқболи баланд, дар хонадонатон осоишу оромӣ ва хушбахтиву файзу баракат орзу менамоям”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон.

Лентаи хабарҳо
0