Иштироки 21 ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон дар номаишгоҳи байналмилалии Берлин

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузариш ба медиабонкГорода мира. Берлин
Города мира. Берлин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар номаишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ “ITB Berlin 2019” намояндагони 21 ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Аз 6 то 10 марти соли 2019 дар шаҳри Берлини Олмон Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ITB Berlin-2019 баргузор мегардад, ки Тоҷикистонро дар ин намоишгоҳ намояндагони 21 ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон,  намояндагони аҳли фарҳанг ва Сафорати Тоҷикистон дар Олмон таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ муаррифӣ менамоянд.

Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон хабар додааст.

Туристы в горах Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон ду хатсайри нави сайёҳӣ – “фото ва фито-сафарӣ” ташкил шуданд

Бино бар иттилои манбаъ, дар Намоишгоҳи имсола намояндагони қариб 200 давлати дунё ва зиёда аз 15 ҳазор ширкати сайёҳӣ, зиёда аз 800 нафар хабарнигорон иштирок менамоянд.

Дар ин ҳамоиши сатҳи ҷаҳонӣ гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон зери шиори “Тоҷикистон — кишвари сайёҳӣ” дар масоҳати 40 метри мураббаъ бо тарҳу усули миллӣ ва муосир ба маърази тамошои дӯстдорони сайру саёҳат гузошта шудааст.

Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии ITB-Berlin ҳамасола таҳти ҳамоҳангии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ доир гашта, иштироки намояндагони Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ бонуфузи ҷаҳонӣ ҳамчун узви комилҳуқуқи ин Созмон барои таблиғи захираҳои сайёҳии кишвар хеле муфид аст.

Дар ҳошияи Намоишгоҳ ҷаласаи вазирони сайёҳии кишварҳои узви Барномаи “Шоҳроҳи абрешим”-и Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ низ баргузор мегардад.

Манбаъ таъкид намудааст, ки иштирок ва муаррифии захираҳои сайёҳии Тоҷикистон дар чунин ҳамоишҳои бузурги ҷаҳонӣ имконият медиҳад, ки байни ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ қарордодҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуда, ҷалби сайёҳони хориҷӣ вусъат дода шавад.

Лентаи хабарҳо
0