20:12 20 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев

Домоди Шавкат Мирзиёев вазифаи нав гирифт

Пресс-служба президента Таджикистана
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
580 0 0

Отабек Умаров домоди раисҷумҳури Узбакистон дар соҳаи варзиш вазифаи нав гирифт

ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Домоди Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон соҳиби вазифаи нав шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Кумитаи олимпии милии ҷумҳурӣ.

Отабек Умаров роҳбари Федератсияи варзиши сегонаи Узбакистон интихоб шуд.

“Иштироккунандагон номзадии Умаровро дастаҷамъона дастгирӣ намуданд. Ҳамин тавр номбурда роҳбари Федератсияи варзиши сегонаи Узбакистон шуд”, - таъкид кардааст дафтари матбуоти Кумитаи олимпии милии ҷумҳурӣ.

Инчунин, муовини аввали Федератсияи триатлони Узбакистон Фаррух Носиров, соҳибкор ва собиқ варзишкор интихоб шуд.  

“Барои рушди варзиши сегона дар Узбкакистон тамоми кушишҳоямро ба харҷ хоҳам дод. Мо варзишкорони боистеъдод зиёд дорем. фикр мекунам, таҷрибаи ман барои муаррифии кишварам дар хориҷ аз кишвар кумак хоҳад кард. Ваъда медиҳем, ки варзишкорони хуб тарбия хоҳем кард, ки натанҳо дар Олимпиадаи Токио соҳиби медал хоҳанд шуд”, - қайд намуд Носиров.

Варзиши сегона ё триатлон як варзиши таркиби аст, ки аз се марҳилаи иборат аст. Аз ҷумла иштирокдорони ин варзиш дар шиоварӣ, дучархасаворӣ ва дав рақобат мекунанд.

Барчаспҳо:
вазифа, Шавкат Мирзоев, домод, Узбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ