16:39 18 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Пик Исмоила Сомони, архивное фото

Кӯҳҳои Помир ба феҳристи 100 самти беҳтарини сайёҳӣ дохил шуданд

© tourister.ru
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
146 0 0

Кӯҳҳои Бадахшони Тоҷикистон ба рӯйхати “100 самти беҳтарин пешоҳангони глобалӣ дар ҳифзи фарҳанги миллӣ, анъана ва ҷалби мардумон ба соҳаи сайёҳӣ дар соли 2019” шомил шуда, дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷои сеюмро сазовор гардиданд

ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik.  Дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB BERLIN – 2019», ки имрӯзҳо дар шаҳри Берлини Олмон идома дорад, маросими супоридани ҷоизаи “100 самти беҳтарин пешоҳангони глобалӣ дар ҳифзи фарҳанги миллӣ, анъана ва ҷалби мардумон ба соҳаи сайёҳӣ дар соли 2019” баргузор гардид.

 Дар ин бора Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон  хабар доданд.

Бино бар иттилои манбаъ, кӯҳҳои сар ба фалаки Бадахшони Тоҷикистон ба ин садгона ворид шуда, дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷои сеюмро сазовор гардиданд.

Манбаъ ёдрас шудааст, ки кӯҳҳои Помири Тоҷикистон соли чорум аст, ки барандаи ҷоизаи мазкур мегарданд. Эътирофи манзараҳои зебои кӯҳҳои Помир дар сатҳи байналмилалӣ аз ҷаззобият ва таваҷҷуҳи сайёҳон ба онҳо гувоҳӣ дода, барои ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ мусоидат менамояд.

Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB BERLIN – 2019» ширкатҳои сайёҳии ватанӣ хатсайрҳои гуногуни сайёҳиро ба ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар самтҳои сайёҳии экологӣ, таърихию фарҳангӣ, табобатию солимгардонӣ ва дигар маҷмӯи хизматрасониҳо ба доираи васеи сайёҳон ва ширкатҳои сайёҳии хориҷӣ пешниҳод менамоянд.

Имсол Тоҷикистонро дар ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ, 30 нафар намояндагон аз 21 ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон, 2 нафар аҳли фарҳанг ва намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ба муносибати Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ муаррифӣ намуда истодаанд.

Барчаспҳо:
дохил шудани Тоҷикистон, рӯйхат, феҳрист, Бадахшон, Бадахшони Кӯҳӣ, помир, кӯҳ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ