08:59 17 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Председатель Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан Шукурджон Зухуров, архивное фото

Зуҳуров ба сафири Эрон: Шумо он чи ки метавонистед, барои тавсеаи дӯстӣ анҷом додед

© Sputnik / Рамиль Ситдиков
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
97540

Дар мулоқоти Худоҳофизии сафири Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ ва Шукурҷон Зуҳуров раиси маҷлиси намояндагони Тоҷикистон вазъияти равобити ду ҷониба ва тақвияти он баррасӣ шуд

ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ сафири Эрон дар Тоҷикистон дар поёни маъмурияти худ ва ба манзури худоҳофизӣ бо Шукурҷон Зуҳуров раиси  маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мулоқот намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти сафорати Эрон дар Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ин дидор тарафҳо дар хусуси вазъияти равобити ду ҷониба ва тақвияти он ба вежа роҷеъ ба ҳамкориҳои парлумонии ду кишвар табодули назар карда шуд.

Шукрҷон Зуҳуров аз талошҳои сафири Эрон дар Тоҷикистон дар муддати маъмурият дар ҷумҳурӣ қадрдонӣ кард ва гуфт шумо ончи, ки метавонистед барои таҳким ва тавсеаи дӯстӣ миёни думиллат ва давлати Тоҷикистон анҷом додед.

Зуҳуров бо ишора ба таҳримҳои алайҳи  Эрон қайд намудааст, ки инқилоби исломии Эрон дар зарфи чиҳил соли гузашта фарозу нишеби зиёдеро аз сар гузаронида ва ба муваффақиятҳои фаровонӣ дастёфтааст.

“Шумо ҳатман хоҳед тавонист мушкилоти ахирро низ пушти сар бигузоред”, - қайд намудааст Раиси маҷлиси намояндагони Тоҷикистон.

Инчунин Зуҳуров ба зарфиятҳои мукаммали иқтисодӣ ду кишвар ва кумакҳо ва сармоя гузориҳои Эрон дар Тоҷикистон пас аз истиқлоли ин кишвар ишора кард ва хостори афзоиши ҳамкорӣ дар ин замина шуд.

“Эрон ва Тоҷикистон решаҳо, фарҳанг, дин, забон ва таърих ва тамаддуни муштаракӣ доранд. Эрон дар дастёбӣ ба сулҳ дар даврони ҷанги дохилии Тоҷикистон дар канори мо буд ва ин қобили инкор нест”, - таъкид намудааст Шукурҷон Зуҳуров

Дар ҳамин ҳол сафири Эрон дар Тоҷикистон бо ташаккур аз ҳимояти Зуҳуров аз тақвияти равобити ду кишвар дар даврони маъмурияти худ бар лузуми тақвияти муносиботи ду кишвар ба хусус дар ҳавзаи сафарҳо ва таомулоти парлумонӣ таъкид кард.

Сафири Эрон дар Тоҷикистон ба тавонмандии   Эрон дар содироти хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ афзуд, ки дар даврони маъмурияти худ талош намуд ширкатҳои эронӣ дар лоиаҳои тавсеаӣ ва зербиноӣ Тоҷикистон мушорикати хубе дошта бошанд.

“Ҳашт ширкати  эронӣ дар раванди сохти лоиҳаи азимӣ сад ва неругоҳи Роғуни Тоҷикистон ҳузур доранд ва сифати кори онҳо мавриди ризояти мақомоти олии Тоҷикистон мебошад”, - афзуд Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон.

Барчаспҳо:
Шукурҷон Зуҳуров, раиси парлумон, мулоқот, ҳамкорӣ, Эрон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ