11:06 19 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Дождь, архивное фото

Баҳори сард: имрӯз дар Тоҷикистон борону барф дар назар аст

CC0 / Beryl_snw / Rain - ED
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
513 0 0

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо боридани борон дар назар аст

ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Ба иттилои "Ховар" дар истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 5-10 дараҷа сард  шуда, рӯзона  3-8  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона  аз 18-23 то 28- 33 ва рӯзона  аз 0-5 то 7-12  дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд    ҳавои тағйирёбанда шуда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар минтақаҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф дар назар аст.     Шамол аз самти ғарб  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 3-8 ва  рӯзона 12-17 дараҷа гарм  мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 5-10 дараҷа сард шуда,  рӯзона 3-8  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9  ва рӯзона 16-21  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0-5 ва  рӯзона 10-15 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ Ҳавои тағйирёбанда шуда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар  ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боридани борон ва барф дар назар буда, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа ва рўзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ шабона 0-5 дараҷа  сард шуда, рўзона 3+8 дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар шаҳри Душанбе тағйирёбанда шуда,  борони кўтоҳмуддат ва раъду  барқ дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 4+6 дараҷа  ва рӯзона 12+14 дараҷа гарм мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ