06:24 14 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Волк, архивное фото

Ғизо мекобанд: ҳалокати ду зан ва ҷароҳати кӯдаку милиса дар пайи ҳамлаи гургҳо дар Шуғнон

© Sputnik / Александр Вильф
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1611 0 0

"Зимистони имсол дар Бадахшон барфи зиёд борид ва ҳанӯз ҳам кӯҳу даман зери барф аст. Гургҳо ба худ ғизо пайдо намекунанд ва барои дарёфти ғизо ба деҳот фаромада, ба чорвои сокинон ва ҳатто ба худи одамон ҳам ҳамла мекунанд"

ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Дар як ҳафтаи ахир дар пайи ҳамлаи гургҳо дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ 2 тан кушта ва ду нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Раиси Ташкилоти шикорчиёни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодӣ Солеҳҷонов дар мусоҳиба бо хабаргузории "Ховар" гуфтааст, ки галаи гургҳо дар ҷустуҷӯи хӯрок аз кӯҳҳо ба деҳот фаромада, на танҳо ба чорвои мардум, балки ба худи онҳо ҳамла мекунанд.

Пештар галаи гургон ба манзили сокини деҳаи Миденшори Ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон ҳамла карданд. Модари 83-сола ва  духтараш, ки 55 сол дошт,   ҳангоми дастурӯшӯӣ дар ҳавлӣ мавриди ҳамлаи гургҳо қарор гирифтанд. Ҳарду бар асари ҷароҳати вазнин дар ҷои ҳодиса ҳалок гардиданд.

Ба гуфтаи Солеҳҷонов, ин ягона ҳодисаи ҳамлаи гургон ба одамон нест.

"Қаблан дар деҳаи Спинз ва Боғеви Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон гургҳо ба  як кӯдаки 6-сола ва корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пеши хонаашон ҳамла карданд. Аммо аз ин ҳодиса ҳамсояҳо сари вақт хабар ёфтанд ва ба қавли онҳо, кӯдакро аз даҳони гург наҷот дода, ба беморхона бурданд", - гуфтааст вай.

Раиси ташкилот, далели ғизо наёфтани ҳайвоноти ваҳшро дар кӯҳҳо  барфи зиёд медонад.

"Зимистони имсол  дар Бадахшон барфи зиёд борид ва ҳанӯз ҳам кӯҳу даман зери барф аст",  - тавзеҳ медиҳад вай.

Раиси Ташкилоти шикорчиёни вилоят гуфт, ки як моҳ боз аъзои ин ташкилот дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар деҳоти ноҳияи Шуғнон ба шикори ин даррандаи ҳушёру неруманд машғул ҳастанд. Давоми як моҳ 7 сар гургро нобуд карданд.  Барои он ки гурӯҳи шикорчиён сари вақт худро ба маҳали ҳодиса расонанд, нақлиёт ва сӯзишворӣ зарур аст. Бо ин мақсад ташкилоти мазкур ба   роҳбарияти мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилоят муроҷиат кардааст. Агар ин кумак сари вақт дарёфт шавад, он ба коҳиши саршумори гургҳо дар саросари деҳоти вилоят мусоидат менамояд.

Мавзӯъҳои асосӣ