20:55 23 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.78
  • RUB0.15
Муаррифии Қоҳир Расулзода ба ҳайси сарвазири Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Аз совхозстрой то сарвазирӣ: Расулзода дар Рӯзи модар зодрӯзашро таҷлил кард

дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
74420

Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ҳафтаи равон, 8 март дар Рӯзи Модар 58-умин солгарди мавлудашро таҷлил карда, ба синни 59 қадам гузошт

ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Расулзода Қоҳир 8 марти соли 1961 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таваллуд шудааст.

“Маълумоташ олӣ, соли 1982 Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис – гидротехник ва соли 2008 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русияро бо ихтисоси идоракунии давлат ва мунисипалӣ хатм кардааст”, - омадааст дар тарҷумаи ҳоли Расулзода, ки котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон нашр намудааст.

Бар асоси ин манбаъ, Расулзода, фаъолияти меҳнатиашро соли 1982 ба сифати техник– лаборанти лабораторияи сохтмонии иттиҳодияи “Тоҷикирсовхозстрой”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз намуда, минбаъд солҳои 1985-2000 аз вазифаи устои колоннаи сайёри механиконидашудаи №4 иттиҳодияи “Тоҷикирсовхозстрой” шаҳри Хуҷанд то сардори иттиҳодияи мазкур фаъолият намудааст.

Солҳои 2000-2006 дар мансаби вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз  моҳи декабри соли 2006 дар мақоми раиси вилояти Суғд кор кардааст.

Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2013 Сарвазири Тоҷикистон таъин гардид.

Котиботи раисиҷумҳур мегӯяд, Расулзода оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад.

Барои фаъолияти меҳнатиаш бо унвони “Корманди шоистаи Тоҷикистон” ва медали ҷашнии “20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон” сарфароз гардидааст.

Мавзӯъҳои асосӣ