08:10 23 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.55
  • RUB0.15
Президент РФ В.Путин принял участие в сессии Международного дискуссионного клуба Валдай

Лориҷонӣ ба сафири нав: равобит бо Тоҷикистон дар заминаҳои мухталиф муҳим аст

© Sputnik / Алексей Дружинин
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
28510

Раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон густариши равобит бо Тоҷикистон дар заминаҳои мухталифро хостор шуд

ДУШАНБЕ, 11 мар – Sputnik.  Алии Лориҷонӣ раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон дар дидор бо Муҳаммадтақии Собирӣ сафири нави ин кишвар дар Тоҷикистон таъкид намудааст, ки густариши равобит миёни Тоҷикистону Эрон дар тамоми соҳаҳо ба вижа соҳаи иқтисод муҳим мебошад, иттилоъ додааст хабаргузории Parstoday.

Бино бар иттилои манбаъ, Алии Лориҷонӣ дар дидор бо Муҳаммадтақии Собирӣ сафири ҷадиди Эрон дар Тоҷикистон бо ишора ба равобити наздики ду кишвар қайд намудааст, ки Тоҷикистон кишвари дӯст ва ҳамсояи Эрон аст, ки собиқаи тамаддунӣ ва забони муштараке байни ду кишвар вуҷуд дорад.

Лориҷонӣ бо баёни ин ки густариши ҳамкориҳои Эрон ва Тоҷикистон дар ҳавзаи фарҳангӣ ва омӯзишӣ аз аҳамияти хоссе бархурдор аст, таъкид кард, ки тавсиаи равобити ду кишвар дар тамоми сатҳҳо ба вижа иқтисодӣ зарурӣ аст.

Сафири ҷадиди Эрон дар Душанбе низ Тоҷикистонро кишваре муҳим барои густариши ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо Эрон донист.

Ёдрас мешавем, ки ахиран Баҳром Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон исми сафири нави кишвар дар Тоҷикистонро бозгӯӣ кардааст.

Қосимӣ дар сӯҳбат бо хабаргзорӣ гуфтааст, "Муҳаммадтақӣ Собирӣ, муовини умури идорӣ ва молии Вазорати корҳои хориҷии Эрон, сафири он кишвар дар Тоҷикистон таъйин шуд".

Ба гуфтаи сухангӯи вазорат, сафири нав ба наздикӣ ба Тоҷикистон сафар ва ба кори худ шурӯъ хоҳад кард.

Пештар маълум шуда буд, ки ваколати сафири ҳамакнун пешини Эрон дар Тоҷикистон, Ҳуҷатуллоҳ Фағонӣ ба анҷом расид.

Барчаспҳо:
иқтисод, равобит, таъини сафири нав, сафири нав, Алӣ Лориҷонӣ, Эрон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ