06:55 13 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.68
  • RUB0.15
Девушки аплодируют президенту Таджикистана

Дар баробарҳуқуқии мардону занон Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ дар ҷои сеюм аст

Пресс-служба президента Таджикистана
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
19901

Тоҷикистон аз ҳамаи кишварҳои Осиёи Миёна дар баробарҳуқуқии мардону занон пеш гузашта, миёни кишварҳои ҳамсуд дар ҷои сеюм қарор гирифтааст

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Тоҷикистон миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар баробарҳуқуқии занону мардон ҷои сеюмро ишғол кардааст.

Дар ин бораи дар таҳқиқоти Бонки ҷаҳонӣ “Занон, тиҷорат ва қонун: даҳ соли ислоҳот” гуфта мешавад.

Қайд шудааст, ки 6 кишвари аврупо  имкони баробарҳуқуқӣ миёни мардону занонро пайдо кардаанд. Инҳо Латвия, Белгия, Дания, Люксембург, Фаронса ва Шветсия мебошанд. Ин кишварҳо ба ҳамаи меъёрҳои баробарҳуқуқӣ миёни занону мардон 100 фоиз ҷавобгӯ будаанд.

Раддабандӣ миёни кишварҳои ИДМ чунин хулосабандӣ шудааст: Молдова 84,38 хол, Арманистон – 83,13, Тоҷикистон – 81,88, Украина, Белорус ва Озорбойҷон – 78,75, Қирғизистон – 76,88, Қазоқистон – 75,63, Узбакистон – 70,63 гирифтаанд. Русия дар баробарҳуқуқӣ миёни мардону занон дар ҷои 7 қарор гирифтааст.

Дар ин ҳол Тоҷикистон миёни кишварҳои Осиёи Миёна дар ҷои аввал аст.

Аз ҳама холҳои паст дар раддабандии баробарҳуқуқии мардону занон кишварҳои арабӣ ва Эрон гирифтаанд.

Соли 2016 Тоҷикистон миёни 144 кишвари дунё дар баробарҳуқуқӣ миёни занону мардон аз рӯи раддабандии умумӣ дар ҷои 93 қарор гирифта буд.

Барчаспҳо:
баробарҳуқуқӣ, мардони шуҷоъ, занон, духтарон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ