20:37 20 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Рустами Эмомалӣ дар мобайн бо Озода Раҳмон ва Самӣ Шариф, акс аз бойгонӣ

Пирӯзии тими Рустами Эмомалӣ дар озмуни Ҳукумат: видеои “Тоҷ”-и 121-метрӣ ва боғи нав

Amir Isaev
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1314 0 0

Гуруҳи эҷодии Сарраёсати меъморию шаҳрсозии Душанбе таҳти роҳбарии Рустами Эмомалӣ дар озмуни кушоди Ҳукумат барои дарёфти беҳтарин лоиҳаи Боғи Истиқлолият ва маҷмааи меъмории рамзӣ пирӯз шуд

ДУШАНБЕ, 12 мар – Sputnik. Озмун барои дарёфти беҳтарин лоиҳаи Боғи Истиқлолият ва маҷмааи меъмории Озодӣ ва Истиқлолият моҳи майи соли 2018 эълон шуда, 11 марти соли равон бо ҳузури сарвазир Қоҳир Расулзода ҷамъбаст гардид.

Тибқи гузориши телевизиони Тоҷикистон, дар озмуни кушода, гуруҳи эҷодӣ таҳти роҳбарии Рустами Эмомалӣ бо лоиҳа зери унвони “Тоҷ”  45 хол дарёфт карда, пирӯз шудааст. Дар маҷмуъ ба ин озмун 32 лоиҳа ироа гардидаанд. Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ба барандаҳои ҷойҳои 1,2 ва 3 диплом ва мукофоти пулӣ тақдим кардааст.

Боғи Истиқлолият бо майдони маҷмааи меъморӣ дар 30 гектар бунёд шуда, дарвозаҳо, майдончаҳо, деворанигораҳо, майдони роҳпаймоиҳо, ҳавзҳо ва гулу буттаҳои нодирро дар бар хоҳад гирифт. Манбаъ афзуд, ки ин боғу маҷмаа ба муносибати 30-солагии Истиқлолият таҳти назорати бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон сохта мешавад.

Баландии муҷассамаи меъмории рамзи Истиқлолият ва Озодӣ 121 метр пешбинӣ шуда, пояи муҷассама аз пирамидаи ҳаштрӯя ва 7 даромадгоҳ иборат хоҳад буд.

Дар дохили муҷассама осорхона ва толорҳои баргузории маҳфилҳо бунёд мешаванд.

Мавзӯъҳои асосӣ