Оғози баррасии додгоҳии қазияи ошӯб дар зиндони Хуҷанд

Обуна шудан
Дар курсии айбдоршавандаҳо бештар аз 30 зиндонӣ менишинанд. Онҳо ба куштор ва расонидани зарари вазнин муттаҳам мешаванд

ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон мурофиаи додгоҳии иштирокдорони ошӯб дар зиндони низомаш сангини шаҳри Хуҷанд оғоз шуд. Мақомот ҳудуди 30 нафарро дар даст доштан дар ошӯби шаби 8 ноябри соли 2018 дар зиндони рақами 3 шаҳри Хуҷанд муттаҳам мекунанд.

"Дар курсии айбдоршавандаҳо наздики 30 зиндонӣ менишинанд. Ҳангоми нобасомониҳое, ки дар зиндон шаби 8 ноябри соли 2018 сар зад, бино бар иттилои расмӣ, 21 маҳбус ва ду корманди маҳбас кушта шуда, 5 зиндонбон сахт маҷрӯҳ шуданд", - хабар додаанд аз Додситонии кулли Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, баррасии додгоҳӣ барои мӯҳри махфӣ доштани парванда, паси дарҳои баста баргузор мешавад. Ошӯбгарон дар куштор, расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ, муқовимат бар намояндагони давлат ва вайрон кардани тартиботи нигоҳдорӣ дар муассисаи ислоҳӣ муттаҳам мешаванд.

Флаги Таджикистана и США - Sputnik Тоҷикистон
Амрико бо мақомоти Тоҷикистон ошӯб дар зиндони Хуҷандро баррасӣ кард

Ошӯб дар зиндони рақами 3-и Хуҷанд шаби 7-ум ба 8-уми ноябри соли 2018 сар зада буд.

Ҳангоми ошӯб ду корманди зиндон кушта, 5 посбон бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба беморхона фиристода шуда буданд.

 Вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин қайд карда буд, ки ҳангоми ошӯби шаби 8 ноябр дар зиндони Хуҷанд, 21 маҳбус безарар гардонида шуд, ки бештарашон барои терроризм маҳкум шуда буданд.

Ёдовар мешавем, ки ду ҳафта баъд аз ошӯб дар зиндони Хуҷанд, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, генерал Изатулло Шарифзодаро аз мақоми сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия барканор карда, ба ҷояш Умаров Мансурҷон Ғаффорович, собиқ ноиби аввали раиси КДАМ-ро таъйин кард.

Инчунин ахиран хабар дода шуд, ки дар робита ба ин ҳодиса 7 корманди маҳбас бо шумули сардори он Файзулло Сафарзода ва сардори бахши низомии зиндон Фарҳод Садировро боздошт карданд.

Лентаи хабарҳо
0