10:09 21 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.54
  • RUB0.15
Рахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото

Додситони кулли Тоҷикистон ба Маҷлиси миллӣ ҳисобот медиҳад

© Пресс-служба президента РТ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
28200

Додситони кулли Тоҷикистон дар иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар бораи фаъолияташ ҳисобот хоҳад дод

ДУШАНБЕ, 13 мар – Sputnik. 29 марти соли равон дар шаҳри Душанбе иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон  даъвати панҷум баргузор мегардад, дар ин бора қарори Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси палатаи болоии Парлумони кишвар ба имзо расидааст.

Тибқи қарори мазкур дар иҷлосия  Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи берун  баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихӣ”, қонунҳо доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонунҳои Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди  коррупсия”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи хизмати давалатӣ” ва ва як қатор қонунҳои дигари қабулнамудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баррасӣ хоҳад гардид.

Инчунин дар ҷараёни иҷлосия  дар назди аъзои Маҷлиси миллӣ Прокурори генералии Тоҷикистон “Дар бораи назорати  риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Тоҷикистон” ҳисобот медиҳад.

Барчаспҳо:
Парлумон, додситони кулл, ҳисобот, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси олӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ