Гушти мурғу тухм арзон мешаванд: дар Кӯлоб се ширкати нави мурғпарварӣ ифтитоҳ мешавад

© PixabayПтицеводство, архивная фото
Птицеводство, архивная фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҳоли ҳозир барои дар вақти муъайяншуда гушойиш ёфтани ин ширкатҳо омодагӣ дида мешавад

ДУШАНБЕ, 13 мар – Sputnik. Дар ноҳияҳои Фархор ва Кӯлоби вилояти Хатлони Тоҷикистон ба зудӣ се ширкати нави мурғпарварӣ баҳрабардорӣ хоҳад шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА дар истинод ба Вазорати кишоварзии Тоҷикистон.

Бино ба иттилоъи манбаъ, дар ҳоли ҳозир барои дар вақти муъайяншуда гушойиш ёфтани ин ширкатҳо омодагӣ дида мешавад.
Гуфта мешавад, ки то поёни сол се ширкати дигари мурғпарварӣ ба баҳрабардорӣ хоҳад расид.

Ин ширкатҳои дар манотиқи гуногуни кишвар сохта мешаванд. Чанде аз онҳо гӯшти мурғ ва боқӣ тухм тавлид хоҳанд кард.

Бар асоси додаҳои манбаъ, соли ҷорӣ як ширкати дигар, ки тухми инкубаторӣ тавлид мекунад, ба кор шурӯъ мекунад. Ин ширкат 109 корхонаи мурғпарвариро бо тухми инкубаторӣ таъмин хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0