15:24 19 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Город Душанбе, архивное фото

Обуҳавошиносон: ҳаво шабона сарду рӯзона гарм мешавад

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
36 0 0

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

ДУШАНБЕ, 14 мар – Sputnik.  Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе имрӯз ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво  шабона 2-4  ва рӯзона 19-21 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст.  Ҳаво  дар водиҳо шабона 2-7 ва рўзона 17-22 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона аз 4 дараҷа сард то 1 дараҷа гарм ва дар баъзе ноҳияҳо то 5-10 дараҷа сард  мешавад.  Рўзона ҳаво  5-10 дараҷа  гарм мешавад.

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 2-7 дараҷа сард  шуда, рӯзона  5-10  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона   14-19  ва дар мавзеи Булункӯл то 30-32  дараҷа сард мешавад. Рӯзона ҳаво аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм шуда, дар баъзе ноҳияҳо то 5-10  дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд    ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво  дар водиҳо шабона 3-8  ва  рӯзона 16-21 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 дараҷа сард шуда,  рӯзона 5-10  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри  бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10  ва рӯзона 19-24  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона  1-6  ва   рӯзона 13-18 дараҷа гарм  мешавад.

Барчаспҳо:
сардиҳо, сардӣ, гармии ҳаво, Маркази обу ҳавошиносӣ, обу ҳаво, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ