14:47 19 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Здание парламента Республики Таджикистан

Соҳаи тандурустӣ ва истифодаи нақлиёти умум дар Маҷлиси вакилони халқ баррасӣ мегардад

© Sputnik / Руслан Кривобок
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
68 0 0

Дар Душанбе Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 14 мар - Sputnik.  Пагоҳ, 15 марти соли 2019 дар  пойтахт Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум баргузор мегардад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе.

Бино бар иттилои манбаъ  иҷлосияи мазкур масъалаҳои зериня қатор масъалаҳои мубрам баррасӣ хоҳад шуд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки дар ҷаласаи мазкур масъалаи ҷараёни татбиқи барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи тандурустӣ, дар бораи шунидани ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе оид ба татбиқи барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи рушди истифодаи нақлиёти умум баррасӣ хоҳад шуд.

Инчунин, дар маҷлис пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳои вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №12 ва №38 ва дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳокима хоҳад шуд.

Барчаспҳо:
ҷаласа, Маҷлиси миллӣ, Парлумон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ