10:49 19 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Бинои парлумони Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Вакилзани тоҷик ба марз бо Қирғизистон рафт: парлумон гуфт, хомӯш нест

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
823 0 0

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо нашри як изҳорот таъкид кардааст, ки нисбат ба таниш дар марз бо Қирғизистон бетараф нест ва вакилони мардумӣ ҳеч гоҳ хомӯш набудаанд

ДУШАНБЕ, 15 мар - Sputnik. Маҷлиси намояндагон баён доштааст, ки “масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон яке аз масоили ҳассос аст ва махсусан баъд аз он, ки он ҷо ҳамватани мову шумо қурбон шудааст”.

Ин ниҳод иддао дар мавриди хомӯшии вакилони мардумии Тоҷикистонро изҳороти эҳсосӣ хонда, афзудааст, афроде, ки чунин даъво доранд, аз маълумоти кофӣ бархӯрдор нестанд.

“Бародароне, ки маълумоти муфассал надоранд ба эҳсосоти хунгармона дода нашуда, бояд дарк намоянд, ки вакилони мардумии Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ хомўш набудаанд ва ҳамагуна воқеаву рўйдодро, ки манфиатҳои миллат, давлат ва кишвари Тоҷикистонро дар бар мегиранд пайгирӣ менамояд”, - таъкид намудааст Маҷлиси намояндагон.

Палатаи поёнии парлумон иттилоъ додааст, ки дар баробари Комиссияи ҳукуматӣ чанд рӯз аст, ки вакилони Маҷлиси намояндагон, аз ҷумла Шамсиддинзода Мавзуна дар ҷойи ҳодиса қарор доранд ва дар паҳлуи мардуми Исфара масъаларо пайгирӣ менамоянд.

Мавзуна Шамсиддинзода, вакили парлумон аз ҳавзаи Исфара буда, то соли 2014 ҳамчун муовини раиси шаҳри Исфара фаъолият кардааст.

Сафари вакилон ба маҳалли таниши сокинони наздимарзӣ дар ҳолест, ки феълан барои гуфтушунид ҳайати калони ҳукуматӣ, аз ҷумла Азим Иброҳим, ноиби сарвазири Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ ва фармондеҳони мақомоти марзбонӣ дар ҷои ҳодиса қарор доранд.  

Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон ахиран бо нашри як изҳорот  вазъ дар марз бо Қирғизистонро мураккаб хонд.
Дар пайи ин танишҳо аз тири силоҳи марзбонон ва шаҳрвандони Қирғизистон 2 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, чандин нафар маҷруҳ шудаанд. Теъдоде тоҷикистониёне, ки бар асари сангзанӣ аз ҷониби Қирғизистон маҷруҳ шуданд, даҳҳо нафар арзёбӣ мегардад.  Вазорати тандурустии Қирғизистон шумораи шаҳрвандони осебдидаи ин кишварро дар танишҳо 3 нафар гуфтааст.

Мавзӯъҳои асосӣ