Аз ҷаримагурезии "Талко Персия" то "Шоҳроҳи Бадахшон": нашри рӯйхат дар ВКД

© Sputnik / Амир ИсаевНа дороге в Душанбе, архивное фото
На дороге в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон феҳрасти ронандаҳоеро, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Душанберо нақз кардаву маблағи ҷаримаро пардохт накардаанд, нашр кардааст

ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ин ниҳод, ин рӯйхат дар асоси сабти дурбинҳои Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт — "Шаҳри бехатар" пешниҳод шудааст.

Аз ҳама бештар як сокини ноҳияи Фархор Икромов Саъдулло, бо худрави "Хондай-Тюксон" қоидаҳои ҳаракатро нақз кардааст. Бино ба иттилоъи ВКД, ин ронанда дар 65 ҳолат қоидаҳоро вайрон намуда ва ҳанӯз ҷаримаро пардохт накардааст.

Снегопад в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
"Шаҳри бехатар": исми занон дар рӯйхати 170 ронандаи ҷаримагурез

"Тайота-камри"-и мутаалиқ ба сокини шаҳри Душанбе Бобоев Эҳромиддин 43 бор қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон кардааст. Дар ин рӯйхат дар мақоми сеюм аз рӯи нақзи қоидаи ҳаракат, ронандаи худрави "Лексус-350"-и Азизов Бахтиёр сокини шаҳри Душанбе, номбар шудааст. Ӯ 41 бор қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон кардааст.

Дар миёни ронандагони ҷаримагурез шаш ронандаи зан ҳам номбар шудааст. 

Ҳамчунин дар ин рӯйхат худравҳои корхонаҳои бонуфуз аз қабили ҶДММ Талко Персия, ҶДММ Сайёр-1, Шоҳроҳи Бадахшон, ҶДММ Олуча Авто ва ҶДММ Муҳаммадҷон барои нақзи коидаи ҳаракат дар роҳ ва напардохтани ҷарима номбар шудааст.

Дар умум Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати 50 ронандаи ҷаримагурезро нашр кардааст.

Лентаи хабарҳо
0