Дар Тоҷикистон дар ду моҳ ба нафақахӯрон 282,6 миллион сомонӣ пардохт шуд

© Sputnik / Наталья СеливерстоваПенсионное удостоверение, архивное фото
Пенсионное удостоверение, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ду моҳи соли равон дар Тоҷикистон 689,7 ҳазор нафар нафақахӯр ба қайд гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон дар моҳи январ-феврали соли равон ба нафақахӯрон 282,6 миллион сомонӣ пардохт намудааст, иттилоъ додааст Ожонсии омори Тоҷикистон.  

Бино бар иттилои манбаъ,  дар аввали моҳи марти соли равон теъдоди нафақахӯрон дар ҷумҳурӣ ба 689,7 ҳазор нафар расидааст.

Ёдрас мешавем, ки соли гузашта бо дараназрдошти бақия дар аввали сол 2 миллиарду 344 миллион сомонӣ (248,5 млн доллар).

Тибқи иттилои Ожонсии омор теъдоди нафақахӯрон дар аввали сол 686,6 ҳазаор нафарро ташкил медод.

Маошу нафака - Sputnik Тоҷикистон
Маошу нафақа дар Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2018 чи қадар боло меравад?

Дар буҷаи соли равон барои пардохтҳои нафақа 3,6 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.  

Ин ҳам дар ҳолест, ки ахиран роҳбари Ожонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов эълон кард, ки дар Тоҷикистон беш аз 17,7 ҳазор нафар аз гирифтани нафақаи маъюбӣ, маҳрум шуданд.

Ба гуфтаи вай, ашхосе, ки пештар нафақаи маъбӣ мегирифтанд, натавонистанд дубора маъюбии худро исбот намоянд.

“Ин бештар шахсоне буданд, ки кор мекарданд ва ҳамзамон нафақаи маъюбӣ мегирифтанд. Маъюбии инсонро комиссия махсус муайян намуда, баъд аз хулосаи онҳо ба шаҳрванд нафақа муайян карда мешавад”, - таъкид намудааст вай.

Дар ҳамин ҳол Наҷмуддинов қайд намуд, ки дар ҳоли ҳозир 4,6 ҳазор нафар барои муайян намудани маъюбиашон дубора аз ташхис мегузаранд. Дар маҷмӯъ дар соли 2018 шумораи шаҳрвандоне, ки ба онҳо нафақаи маъюбӣ  дода мешавад 145 ҳазору 896 нафарро ташкил медодааст.

Дар соли 2017 дар Тоҷикистон ба 3,5 ҳазор нафар пардохти нафақаи маъюбӣ қатъ карда шуд. Дар ҳамон давра ба нафақагирон пешниҳод карда шуд, ки дубора аз  ташхис гузаранд.

Лентаи хабарҳо
0