13:51 19 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Национальный банк Таджикистана

Бонки милллӣ ба сабаби ҷой доштани камбудиҳои ҷиддӣ иҷозатномаи “М-Полис”-ро тамдид накард

© Фото : Пресс-служба президента Таджикистана
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
454 0 0

Бонки миллии Тоҷикистон ба сабаби ҷой доштани камбудиҳои ҷиддӣ муҳлати амали намудани иҷозатномаи ташкилоти суғуртавии “М-Полис”-ро тамдид накард

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik.  Тиқби қарори навбатии раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 18 марти соли равон дархости Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи ташкилоти суғуртавии “М-Полис” барои тамдид кардани муҳлати амали Иҷозатнома қонеъ карда нашуд.

Дар ин бора дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар додааст.

“Раёсати Бонки миллӣ бо қарори навбатӣ, дар асоси моддаи 77 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва бо дастрасии моддаҳои 8 ва 12 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва боби 9 ва 11 Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, бо назардошти ҷой доштани камбудиҳои ҷиддӣ дархости Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ташкилоти суғуртавии “М-Полис” барои тамдид кардани муҳлати амали Иҷозатнома қонеъ карда нашуд”, -таъкид намудааст манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, масъулини Бонки миллӣ идораи назорати суғуртавӣ барои ворид намудани тағйироти дахлдор дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта вазифадор кард.

Барчаспҳо:
тамдид, бозхонд, иҷозатнома, Бонки миллӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ