19:08 16 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Эмомали Рахмон вместе с Рустамом Эмомали открыли автобусный завод в Душанбе

Президент ва раиси шаҳр дар пойтахт корхонаи истеҳсоли автобусҳоро ифтитоҳ карданд

© Пресс-служба Президента Республики Таджикистан
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
56010

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли автобусҳо ва оғози сохтмони корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ дар Тоҷикистон, оғоз бахшиданд

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik.  Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳ бо Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли автобусҳо оғози расмӣ бахшиданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.

Сохтмони корхонаи мазкур аз ҷониби ҶДММ “Акиа Авесто Автоматив Индастри” ба итмом расонида шуд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки ҷамъият ҳамчун ширкати муштарак аз ҷониби ширкати ватании ҶДММ “Авесто Гурӯҳ” ва ширкати тиҷорати туркии “Улишем” таъсис дода шуда, барои расидан ба ҳадафи миллии эълонгардида дар самти саноатикунонии кишвар роҳандозӣ шудааст.

Корхонаи муштарак иқтидори истеҳсолии автобусҳоро дар як сол то 300 адад расонида, шумораи кормандон аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ на кам аз 200 нафар хоҳад шуд.

Ҳаҷми сармоягузорӣ барои бунёд ва ба роҳ мондани хати истеҳсоли воситаҳои нақлиёти ҷамъиятии мусофирбар 90 млн. сомониро дарбар мегирад.

Қобили зикр аст, ки 200 адад автобусҳои харидоринамудаи мақомоти шаҳри Душанбе бо шарти банду басти минбаъда дар ҳудуди кишвар аз ҷониби мутахассисони корхонаи муштараки “Акиа Авесто Автоматив Индастри” анҷом дода шуд.

“Имрӯз дар корхона мутахассисон барои баланд бардоштани малака ва омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ ба Туркия сафарбар гардида, аз рафти истеҳсолоти аввал то ба итмом расонидани истеҳсоли автобусҳо ва дигар намуди воситаҳои нақлиёт аз омӯзиш гузаштаанд”, - қайд намудааст манбаъ.

Автобусҳои бандубастшуда ва истеҳсолшаванда мутобиқ ба меъёрҳои стандарти байналмилалии “Евро 5”, дорои муҳаррики ширкати бонуфузи “Мерседес Бенз” ва мутаҳаррики ширкати олмонии “Zahnrad Fabrik”, инчунин тамоми қисмҳои эҳтиётӣ ва васлу насбшаванда бо кафолати махсус ва сифати баланд аз ширкатҳои номдори аврупоӣ ва туркӣ харидорӣ карда мешаванд.

Тибқи нақша дар назар дошта шудааст, ки марҳила ба марҳила 5 намуди воситаи нақлиёти ҷамъиятии мусофирбар истеҳсол карда шавад. Дар мадди аввал автобуси дохилишаҳрӣ бо дарозии 12 метр ва бо ғунҷоиши 98 нафар мусофир, ки дар он 26 ҷойи нишаст ва 72 ҷойи ғайринишаст истеҳсол мегардад.

Дар назар дошта шудааст, ки марҳила ба марҳила истеҳсоли микроавтобус ва мошинҳои боркаш низ ба роҳ монда мешавад. 

Бинои бунёдшуда бо тарҳи замонавӣ ва истифода аз масолеҳи сохтмонии аълосифат аз ҷониби сохтмончиёни маҳаллӣ ба анҷом расонида шуда, дар маҷмӯъ масоҳати хати истеҳсолии корхона 12 ҳазор метри квадратиро ташкил медиҳад.

Фаъолияти корхонаи муштарак бо мақсади қонеъ намудани  талаботи имрӯзаи Тоҷикистон бо маҳсулоти истеҳсолнамуда ва содирот намудани он ба кишварҳои минтақа мебошад.

Ҳамчунин имрӯз аз ҷониби ҷамъияти дорои масълуияти маҳдуди Авесто Гурӯҳ, лоиҳаи  корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ дар Тоҷикистон бо ҳузури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ карда шуд.

Сохтмони корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ дар ҳамбастагӣ бо яке аз ширкатҳои машҳури ҷаҳонӣ дар ин самт – ширкати туркии “Суперлит Бору”амалӣ карда мешавад.

Қубурҳое, ки ҳангоми амалинамоии лоиҳаи мазкур истифода мешаванд, асосан аз хориҷи кишвар харидорӣ мегарданд.

ҶДММ “Авесто Гурӯҳ” ҷиҳати сохтмони корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ Ёддошти тафоҳумро бо ширкати туркии “Суперлит Бору” ба имзо расонида, дар муҳлатҳои наздик корҳои сохтмониро шурӯъ менамояд.

Истеҳсолоти мазкур ба пуррагӣ воридотивазкунанда буда, ҳангоми ба иқтидорҳои пурра баромадани истеҳсолот имконияти содирот намудани маҳсулоти корхона ба кишварҳои ҳамсоя пайдо мегардад.

Барчаспҳо:
пойтахт, Туркия, Душанбе, душанбе, корхона, автобус, Рустам Эмомалӣ, Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ