ВКД: говдузд ва кисарабо дастгир шуданд

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкПреступник за решеткой
Преступник за решеткой - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони ВКД ғоратгаронро дастгир намуда нисбати онҳо чораҳои зарурӣ андешида шудаистодааст

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия як қатор ҷиноятҳои ғоратгарӣ ошкор карда шудаанд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон.

Манбаъ афзудааст, ки ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ марди 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сомониёни ҳамин ноҳия  бо ариза дар он хусус муроҷиат намудааст, ки шаби 17 ба 18-уми марти соли 2019, тахминан соати 00:40-дақиқа, дар кӯчаи Маърифат, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, шахси номаълум ӯро лату кӯб намуда, бо роҳи зӯроварӣ аз ҷайбаш 1.720-сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Девушка в наручниках, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон
Ба хонаи мард даромаду ғорат кард: ВУД аз боздошти зане ба иттиҳоми дуздӣ хабар дод

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи мазкур бо гумони ғоратгарӣ дастгир карда шуд.

Айни ҳол ин қазия мавриди тафтиш қарор дорад.

Ҳамчунин ба ШВКД дар ноҳияи Ш.Шоҳин бо ариза марди 48-солаи сокини ноҳияи мазкур дар он хусус муроҷиат намудааст, ки 16-уми марти соли 2019, тахминан соати 12:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои мавзеи Туғмаги ҳамин ноҳия 3-сар чорвои калони шохдорро, ки арзишашон 12.000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Дар натиҷаи  ҷустуҷӯ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. Далели шайъӣ гирифта шуд.

Оид ба ин ҳодиса низ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

 

Лентаи хабарҳо
0