Раҳмон дар Норак ба сохтмони меҳмонхона оғоз бахшиду коргоҳи нав ифтитоҳ кард

Начало строительства стадиона на 30 тысяч посадочных мест в городе Душанбе
Начало строительства стадиона на 30 тысяч посадочных мест в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Норак ба сохтмони меҳмонхонаи замонаи оғози расмӣ бахшиду, коргоҳи нави истеҳсоли кошинҳои резинии “Заводи таҷрибавӣ — механикӣ”-и шаҳри Норакро ифтитоҳ намуд

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Норак Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонии як меҳмонхонаи замонавӣ, ки начандон дуртар аз Неругоҳи барқи обии “Норак” дар мавзеи соҳили дарёи Вахш сохта мешавад, оғози расмӣ бахшиданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Меҳмонхонаи мазкур дар масоҳати 0,46 га аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон бунёд карда мешавад.

Ҳамчунин дар ҳудуди ин меҳмонхонаи замонавӣ биноҳои ёрирасон ва таваққуфгоҳ низ сохта мешаванд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон в обращении к Парламенту - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Норак омад

Инчунин, имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи нави истеҳсоли кошинҳои резинии ҶСП “Заводи таҷрибавӣ —  механикӣ”-и шаҳри Норакро ифтитоҳ намуд.

Коргоҳи мазкур бо маблағи зиёда аз 3 миллион сомонӣ бунёд ёфта, иқтидори истеҳсолии он дар як рӯз 35 метри мураббаъ ва дар як сол 9 ҳазор метри мураббаъ кошинҳои резиниро ташкил медиҳад.

Дар коргоҳи бори нахуст нав аз шинаҳои автомобил, ки  фарсуда шудаанд, се намуди маҳсулот истеҳсол гардида,  ин  номгӯи масолеҳи сохтмонӣ дар бунёди майдончаҳои варзишӣ, саҳни боғчаҳои кӯдакона ва роҳравҳо васеъ истифода карда мешавад.

Хати технологии коргоҳи нави истеҳсоли кошинҳои резинӣ аз Чин дастрас гардида, тавассути он тавлиди маҳсулоти рақобатпазир ва ҷавобгӯи замони муосир ба роҳ монда шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар корхонаи мазкур ба фаъолияти коргоҳи нави буриш ва ороиши варақаҳои оҳанини андозаи 2 ва 150-миллиметра, ки  бо  дастгоҳи муосири рақамии компютерӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, шинос шуданд.

Ин коргоҳ бо харҷи 3,7 миллион сомонӣ бунёд гардида, дар ин ҷо асосан болорҳо, қолабҳои гуногун ва ороишҳои оҳанӣ истеҳсол  карда мешаванд.

Иқтидори истеҳсолии коргоҳи мазкур дар як сол коркарди 3 ҳазор тонна оҳанро ташкил медиҳад.

Раисҷумзур ба масъулон дастур дод бо истифода аз шароиту имконоти мавҷуда истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунандаро беш аз пеш афзун намоянд.

Нурекская ГЭС - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ба таҷдиду таъмири НБО “Норак” оғози расмӣ бахшид

Ёдрас мешавем, ки айни ҳол дар коргоҳҳои ҶСП “Заводи таҷрибавӣ — механикӣ” якчанд номгӯй масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла қолаб ва аркҳо барои бунёди нақбҳо, электроди кафшергарӣ, шишаи моеъ, сеткаҳои деворбандӣ ва армасеткаҳо, симхор, бомпӯшҳои оҳанӣ, профилҳои  тунукагӣ, бетони молӣ бо  технологияи  компютерӣ ва  симтаноб барои кранҳои  борбардор истеҳсол мегарданд, ки ҳамаи он қаблан аз хориҷи кишвар ворид мегардид.

Манбаъ қайд намудааст, ки маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона асосан барои бунёди неругоҳҳои барқи обӣ, аз  ҷумла “Роғун” истифода карда мешавад, ки ҳамзамон зиёда аз 600 нафар коргарону мутахассисони корхонаи мазкур дар ин иншооти аср дар самти корҳои зеризаминӣ ва харротӣ бо истифода аз техника ва технологияи муосир, ки назирашон дар Осиëи марказӣ мавҷуд нест, фаъолияти босамар  доранд.

Лентаи хабарҳо
0