16:07 24 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Укладка асфальта. архивное фото

Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи ҷашни Наврӯз ба мумфаршкунии роҳҳои шаҳри Хуҷанд оғоз кард

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской области
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
42410

Дар соли равон дар шаҳри Хуҷанд таъмиру азнавсозии зиёда аз 33 километр роҳҳои шаҳр ба нақша гирифта шудаааст

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik.  Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд ба мумфаршкунии роҳи кӯчаҳои Фирдавсӣ, Мақсудҷон Танбурӣ, Ҳаким Карим ва академикон Зариф ва Солеҳ Раҷабовҳо ҳусни оғоз бахшид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Бино бар иттилои манбаъ, зимни оғози корҳо Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки барои сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар қаламрави вилоят бунёди беш аз 6500 иншооти таъиноташон гуногун бомаром идома дорад.

Мумфаршкунии кӯчаҳои зикршудаи шаҳри Хуҷанд аз имрӯз оғоз гардида, давоми сол ҳамзамон кӯчаи Саидвалиеви маҳаллаи Чашмаи Арзана ва дигар кӯчаҳои асосии таъмирталаби шаҳр низ мумфарш карда мешаванд.

Итилоъ дода шуд, ки мумфаршкунии кӯчаҳо бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд амалӣ карда мешаванд.

Ёдрас мешавем, ки тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар соли 2019 таъмиру азнавсозии зиёда аз 33 километр роҳҳои шаҳр ба нақша гирифта шудаааст.

Барчаспҳо:
мумфаршкунии роҳ, Хуҷанд, вилояти Суғд, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ