08:32 14 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Строительство ирригационного канала. Архивное фото

Ба деҳаи Худгифи Соя ба масофаи 2300 метр хати оби полезӣ сохта мешавад

© Sputnik / Александр Гращенков
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
165 0 0

Дар ноҳияи Мастчоҳ бо маблағгузории сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон сохтмони хатти оби полезии деҳаи Худгифи Соя оғоз шуд

ДУШАНБЕ, 20 мар - Sputnik.  Дар арафаи таҷлили Наврӯз ва ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ сохтмони хатти оби полезии деҳаи Худгифи Соя оғоз шуд.

Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар додааст.

Бино бар иттилоъ манбаъ, хатти оби полезии Сарҷӯ – Савраки деҳаи Худгифи Соя бо маблағгузории сафорати Ҷопон дар труба воТоҷикистон аз ҷониби сохтмончиёни ҶДММ “Зарафшон” ба масофаи 2300 метр сохта мешавад.

Манбаъ таъкид намудааст, ки ин хат аз деҳаи Худгифи Офтоб тавассути лулаҳои пластикии обгузари қутрашон 225 миллиметра кашида шуда, аз болои рӯди Зарафшон мегузарад ва оби он ба ҳавзи деҳа рехта, онҷо захира мешавад ва аз онҷо ба воситаи ҷӯйборҳо ба заминҳои сокинон тақсим мешавад.

Дар сурати обёрӣ шудани ин деҳа наздик ба 35 гектар заминҳои нав ба гардиши кишоварзӣ ворид хоҳанд шуд.

Барчаспҳо:
обёрӣ, маҳсулоти полезӣ, об, Мастчоҳ, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ