Боди баҳор: имрӯз ҳавои Тоҷикистон бебориш мешавад

© © Sputnik / Амир ИсаевВид на город Душанбе с моста ЖД вокзала, архивное фото
Вид на город Душанбе с моста ЖД вокзала, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои бебориши тағийрёбанда дар назар аст.

ДУШАНБЕ, 22 мар - Sputnik. Ба иттилои обущавошиносон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, ҳаво дар ғарби вилоят шабона -1-6 ва рӯзона +7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 12- 17 ва рӯзона -2+3, дар баъзе ноҳияҳо то 1-6 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Бод аз сӯи шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 то 11 дараҷа ва рӯзона 16-21 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона -4+1 дараҷа ва рӯзона аз 5 то 10 дараҷа гарм мешавад.

Дождь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуҳавошиносон: дар пойтахт борон вале дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр барф меборад

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйрёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2+7 дараҷа ва рӯзона 3+18 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа то 7 дараҷа гарм шуда, рӯзона 18-23 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо шабона -3+2 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои бебориш шуда, бод аз сӯи шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2+4 дараҷа ва рӯзона 21-23 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0