16:07 24 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Министр МВД Таджикистана Рахимзода Рамазон Хамро

Бо фармоиши вазир милисае, ки занро латукӯб кард аз мақомоти корҳои дохилӣ озод карда шуд

Пресс-служба президента Таджикистана
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
702 0 0

Бо фармоиши Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон милисае, ки субҳи иди Наврӯз дар маркази Душанбе як занро бо мушту лагад ва чӯбдаст кӯфт аз мақомоти корҳои дохилӣ озод карда шуд

ДУШАНБЕ, 21 мар - Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо фармоиши Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон старшинаи милитсия Маҳмасаидзода Сафарбек Маҳмасаид аз мақомоти корҳои дохилӣ озод карда шуд.

Тавре, ки ВУД Тоҷикистон хабар додааст, 21 марти соли равон  дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе паҳн шуд, ки дар он бозраси хадамоти роҳбонии Воҳиди махсуси ВКД ҶТ старшинаи милитсия (Сатторов Сафарбек Махмадсаидович-насаби қаблиаш) Маҳмасаидзода Сафарбек Маҳмасаид бо шаҳрванд Шамсова Мадина Муқимҷоновна соли таваллудаш 1986, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт ва тартиботи ҷамъиятиро вайрон карда буд, баҳсу мунозира намуда, ҳангоми пеши роҳи ҳуқуқвайронкунии Шамсова М-ро гирифтан бо номбурда дағалона рафтор намуда худ ба қонуншиканӣ яъне вайрон намудани талаботҳои фармонҳои ВКД Тоҷикистон роҳ додааст.

Манбаъ таъкид намудааст, ки бо фармоиши Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон старшинаи милитсия Маҳмасаидзода Сафарбек Маҳмасаид аз мақомоти корҳои дохилӣ озод карда шуд.

Ҳамзамон дар асоси ин фармоиш роҳбарияти Воҳиди махсуси ВКД Тоҷикистон барои дуруст ба роҳ нагузоштани корҳои интизоми-тарбиявӣ дар байни ҳайати шахсӣ ба ҷазоҳои гуногуни интизомӣ кашида шуданд.

Ёдрас мешавем, ки пештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн гардид, ки дар он корманди ВУД дар тан либоси хидматӣ занеро латтукӯб мекард.

Муаллифи навор дар шарҳи видео навиштааст, ки ҳодиса дар маркази Душанбе, дар назди Вазорати дифои Тоҷикистон рух додааст. Бисёри роҳгузарон дар ин қазия бетарафиро ихтиёр кардаанд, аммо марде аз ин амали милиса эрод мегирад. Ба баҳонаи пешовардаи милиса, ки ин зан девона аст, марди роҳгузар посух медиҳад, ки девона бошад, ба девонахона бараш ва таъкид мекунад, ки милиса занро накӯбад. Аммо дар қисмати дигари навор дида мешавад, ки аллакай зан бар замин ғалтидааст ва маъмури милиса дар болояш истодааст.

Барчаспҳо:
милиса, милитсия, фармоиш, фармоиши нав, Рамазон Раҳимзода, ҷазо, ВУД ҶТ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ